Кумаки башардустона ба мардуми Фаластин | Saliheen
Маблағҳои ҷамъшуда барои Фаластин куҷо шуданд? Ин маблағҳо дар ҳисобҳо намонданд. Онҳо ба ғизо табдил ёфтанд. Ба кӯрпа. Ба либос. Ба сарпаноҳ. Бо дастгирии мардуми Тоҷикистон 2 627 005 сомонӣ ҷамъ гардид. Бинобар баста будани роҳҳо ва маҳдудиятҳои сарҳадӣ, расонидани кумак ба таъхир афтод. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон вақте роҳҳо боз шуданд — мо кумакро расонидем. Ин маблағҳо ба инҳо табдил ёфтанд: 1500 сабади ғизоӣ 1500 кӯрпа 300 матрас 800 қуттии либос ва пойафзол 490 рулон плёнкаи обногузар Ҳамаи ин ба оилаҳои ниёзманд дар Ғазза расонида шуд. Мо ҳамаи дардҳоро нест карда наметавонем.Аммо бетараф ҳам намемонем. Сипос ба ҳар касе, ки саҳм гузошт. Шумо исбот кардед: инсондӯстӣ амал аст, на сухан. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.🤲🏻 #youtube #saliheen #charity #gaza
Название:
Кумаки башардустона ба мардуми Фаластин | Saliheen
Категория:
Разное