НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН!
Халқи босаховати мо ҳамеша ба дармондагону оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз карда, некиро пешаи худ медонад. Аз ин ҷо, роҳбари округи интихоботии “Саховат”-и рақами 8-и ноҳияи Самарқанд Зокирҷон Асроров ба қабристонҳои ҳудудӣ рафта, атрофи онро дидан кард, аз муаммоҳо пурсон шуд. Бо масъулини қабристон дар сӯҳбат шуда, ёди гузаштагон намуд. Дар охири рӯзи корӣ дар маҳаллаҳои “Саховат”, ”Нурафшон”, ”Хишрав” ва “Арабхона”-и ҳудуди 8-ӯми ноҳияи Самарқанд шуда, масъалаи таъмини аҳолиро марбут бо нерӯи барқ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамин тавр, дар худи маҳалла ходими корхонаи “Самарқандэлектртаъминоти” даъват карда шуда, муаммоҳо бартараф гардид. Инчунин ба 50-нафар аъзоёни оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳои Иди Рамазон тақсим карда дода шуда, аз аҳволи оилаҳои камбизоати дигари мавзеъ хабар гирифта шуд.
Название:
НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН!
Категория:
Разное